Равшани зи фурӯғ менобаст ҳаётам
Чун оташи ёқӯти з обаст ҳаётам
Аз касби ҳавои нақш бар обаст ҳаётам
Як чашм задани ҳамчу ҳубобаст ҳаётам
Аз раъшаи Аннани раги ҷони рафтаи зи дастам
Вази қомати хами по ба рикобаст ҳаётам
Аз шӯр ҷазо шуд ҷигари хоки нмксўд
Вази ҷаҳли ҳамон маст ва харобаст ҳаётам
Бо он ки сияҳ карда дар ӯ номаи аъмол
Дар ҳасрати айём шабобаст ҳаётам
Мушкил ки диҳад фурсат бардоштан зод
Зини гӯна ки саргарм шитобаст ҳаётам
Ҳар чанд шавам пер , шавад ғифлати ман беш
Афсонаи ширинӣ хобаст ҳаётам
Аз куҳнагӣ афзӯн шавадаш мастии ғифлат
Дар шишаи тани ҳамчу шаробаст ҳаётам
Аз гиряи ман чун ҷигар санг насузад ?
Каз гармии рафтор кабобаст ҳаётам
Аз содаи дилӣ реша кунад дар ҷигари хок
Ҳар чанд ки чун нақш бар обаст ҳаётам
Дар дидаи кӯтаҳи назарон гарчи баландаст
Кӯтоҳтар аз мад шаҳобаст ҳаётам
Фарёд ки дар рафтан азин пайкари хокӣ
Битобтар аз мавҷ саробаст ҳаётам
Ҷое ки буд умри Хизри нақш бар обӣ
Соиб чу шарари дарчӣ ҳисобаст ҳаётам ?