Пеш аз гули рухсори ту афрӯхта будам

Чун лола ба доғи ту ҷигар сӯхта будам

Шуд мушти шарорӣу маро дар ҷгроФтод

Чун ғунча агар хурдае андӯхта будам

Чун шамъи дарин анҷуман аз содаи длиҳо

Рафтам ки нафас рост кунам , сӯхта будам

Бебарг намекард марои сардии айём

Гар зон ки ба кунҷ қафас омӯхта будам

То субҳдам аз хирмани ман дӯд баровард

Шамъӣ ки ба роҳ ту барафрӯхта будам

Аз ман хабари хӯбии ин боғ мапурсед

Чун лолаи гирифтори дил сӯхта будам

Шуд сӯхта аз грмрўии манзили аввал

Ҳар тӯша ки баҳри сафар андӯхта будам

Чун лолаи азуи доғи ҷигари сӯз ба ман монад

Шамъӣ ки ба сад хӯни дил афрӯхта будам

Бар оташи ман ҳайрати рухсор ту зад об

Варна зи парешони назарӣ сӯхта будам

Шуд пардаи бегонагӣ аз ҷони муҷаррад

Ҳар пора ки бар хирқаи тан дӯхта будам

Соиби ҷигарам доғ шуд аз нолаи булбул

Ҳар чанд дарин кори нафас сӯхта будам