Аз талх забонон нашавад пасти хурӯшам
Тифлам , натавон кард ба дашном хамӯшам
Нам дар дили майхона хуморам нагузорад
Гар ҷилва соқӣ нашавад раҳзани ҳушам
Чизе нашавад бар дили озодаи ман бор
Ҷузи дасти навозиш ки гаронаст ба дӯшам
Бинои зи назар бозӣ дарёст ҳубобам
Фонӣ шавам аз баҳр агар чашм бапушам
Райҳон биҳиштаст марои хоби парешон
То хати биногваши турои ҳалқаи бгўшм
Оби гуҳарами бастаи ях аз сардии бозор
Ҳар чанд ки Юсуф ба зари қалби фурушам
Чун сайл маро ҳаст зи худ силсилаи ҷунбон
Мавқуф ба тӯфон набӯд ҷӯшу хурӯшам
Ин он ғазали ҳоҷӣ сӯфӣаст ки фармуд
Он рӯй надорӣ ки зи ту чашм бапушам