Дастӣ ки ба ҷомӣ нашавад раҳзани ҳушам
Чун пояи тобут гаронаст ба дӯшам
Дастӣ ки ба эҳсон накунад ҳалқаи бгўшм
Чун пояи тобут гаронаст ба дӯшам
Фарёди ман аз сўхтгиҳост чу оташ
Чун бодаи з хомӣ набӯд ҷӯшу хурӯшам
Натавон чу лаб ҷом кашид аз лаби ман ҳарф
Ҳар чанд зи рангини сухании раҳзани ҳушам
Бо шуълаи хуршед чаҳ созад нафаси субҳ ?
Равшантар азонм ки тавон кард хамӯшам
Дар дил шаканд шишаи марои хандаи гулҳо
Овози ту зон дам ки расидааст ба гӯшам
Бар бодаи сар ҷӯш набошад назари ман
Каз дарди тавон гирд баровард зи ҳушам
Дар олами эҷоди ман он Тифли ятемам
Каз шер ба дашном кунад доя хамӯшам
Чун каъба , барозандагӣам дар назари халқ
Зонаст ки ман ҷомаи пӯшидаи напушам
Соиби манам он нағмаро каз дили пари ҷӯш
Мавқуф баҳорон набӯд ҷӯшу хурӯшам