Аз нолаи неи рози дил ишқ шунидем

Зини кӯча ба сари манзил мақсӯд раседем

Роҳӣ ба сари он ма шабгард набардем

Чандон ки чу хуршед ба ҳар кӯча давидем

Дидем ки бар чеҳраи гули ранг вафо нест

Мо низ сари худ ба таҳ бол кашидем

Дар дида мо нашутур озори шикастанд

Ҳар чанд чу хӯн дар раг аҳбоб давидем

Бо зулф бигӯ дар паии сайд дигар уфтад

Мо аз хами домӣ ки рамедем , рамедем

Аз гиряи мо ҳеҷ дилӣ нарм нигарадед

Дар соъати сангини сари ин ток буридем

Дар гӯши зи фарёди ҷарас пунба гузорем

Нишниданӣ аз ҳамсафарони бас ки шунидем

Чун мавҷ нашуд қисмати мо гавҳари мақсӯд

Ҳар чанд ки аз тӯли амл дом кашидем

Дидем ки дар рӯй замини аҳл дилӣ нест

Чун ғунча ба кунҷи дили худ боз хазидем

Кардем видоъи каф хокистар ҳастӣ

Рӯзӣ ки ба он шуъла ҷонсӯз раседем

Дидем надорад сари мо зоҳиди бидрд

Аз савмиъаи худро ба харобот кашидем

Шери шутур ва рӯй араб чанд тавон дид ?

По аз сафари каъба мақсӯд кашидем

Ҳар чанд зи хати роҳи тавон барад ба мазмун

Мо ҳеҷ ба мазмуни хат ӯ нараседем

Дар синаи дил , чок фикандем чу соиб

Ин нома ба тадбир нашуд боз , даридем