Чандон ки чу хуршед ба офоқ давидем
Мо пер ба равшандилӣ субҳ надидем
Як бор наҷуст аз дили мо новаки оҳӣ
Аз бори гунаҳи ҳамчуи камон гарчи хмидим
Чун шамъи дарин анҷуман аз ростии хеш
Ғайр аз сари ангушти надомати нгзидим
Афсӯс ки бо дидаи бедор чу сӯзан
Хор аз қадами обила пое накашидем
Чун лолаи длсўхтаҳ дар гулшани эҷод
Бе хӯни ҷигари қатраи обии нчшидим
Ҳар чанд чу гул гӯш фикандем дарин боғ
Ҳарфӣ ки баради роҳ ба ҷое нашунидем
Аз об равон монад баҷои сабза ва гулҳо
Мо ҳосили азин умр сбксир надидем
Шуд новаки могар здли санги тарозу
Бар дӯши камони даст навозиш накашидем
Шуд кӯзаи наргиси сар бе мағзи ҳарифон
Мо як гул азон гӯша дастор начедем
Аввали самари пишрсши қурби худо буд
Пайванди худ аз ҳар чаҳ дарин боғ буридем
Берун наниҳодем зи сари манзили худ пой
Чандон ки дарин доира чун чашм паридем
Кардем талафи умр ба ғаввосии ин баҳр
Дар ҳеҷ садафи гавҳар инсоф надидем
Соиб ба мақомӣ нараседем зи сустӣ
Аз хок чу не гарчи камар баста дамидем