Як умри з ҳар хору хасӣ ноз кашидем
То буии гулӣ аз чаман роз кашидем
Чун барги гули афзуд ба расвои накҳат
Ҳар парда ки бар чеҳраи ин роз кашидем
Битоқтӣ аз хирмани мо дӯд бар оварад
То рахт ба анҷоми з оғоз кашидем
Осӯдагии кунҷ қафас кард талофӣ
Як чанд агар заҳмат парвоз кашидем
Нашнохт кас аз ҷавҳарёни ҷавҳари мо ро
Соиби гуҳари худ ба садаф боз кашидем