То сар ба гиребон тамошо накашидем
Дар домани фирдавси барин во накашидем
Дар дидаи мо доми тамошои ду олам
Зонаст ки гардан ба тамошо накашидем
Мардӣ набӯд хотири атфол шикастан
Мо рахти зи маъмура ба саҳро накашидем
Дар ғўргӣ аз силсила ток буридем
Худро ба прихонаҳ мино накашидем
Чун шабнами гули чашми чрондим ва гузаштем
Як чошти дарин сабзи чаман во накашидем
Осӯда нагаштем зи васвоси мудово
То дасти худ аз даст масеҳо накашидем
Ширини суханонро нагирифтем сари гӯш
То ҳамчуи гуҳари талхӣ дарё накашидем
Дар домани мо сад гул бе хори фурӯи рехт
Он хор ки аз обила по накашидем
Соиб накашиданд зи мо дасти ҳарифон
То дасти зи маъшуқа дунё накашидем