Мо толеъи ҷамъият асбоб надорем

Рӯзӣ ки ҳаво ҳаст меноб надорем

Рӯй дили мо дар ҳарами каъба буд фарш

Дар зоҳир агар рӯй ба миҳроб надорем

Фарёд ки аз гардиши беҳудаи дарин баҳр

Ҷузи хору хасӣ чанд чу гирдоб надорем

Оҳ қадар андоз ба фармони дили мост

Дар қабза агар теғи сияҳ тоб надорем

Қонеъ ба ҳаводории дарё чу ҳубобем

Мо ҳавсилаи гавҳар сероб надорем

Чун моҳии лаби бастаи дарин баҳри пари ошӯб

Андешаи зи гироӣ қуллоб надорем

Куфрон буд аз фитнаи хобидаи шикоят

Мо шиквае аз бахт гронхўоб надорем

Он булбул мастем дарин боғчаи соиб

Каз шӯри муҳаббати хабар аз хоб надорем