Мо фикри либосу ғам дастор надорем

Андешаи сомон чу сар дор надорем

Сар дар раҳи ороиш зоҳир натавон кард

Чун гули сари ороиш дастор надорем

эй сояи иқболи ҳумои рӯи сари худ гир

Мо шиквае аз соя девор надорем

Ҳар ҷо набӯд сӯхтае рӯ нанамоем

Ойӣна ба пеши рух зангор надорем

Дорем ҳавои сафари олами боло

Чун шабнами гули чашм ба гулзор надорем

Дунболаи рӯ қибла намой дил хешем

Чун каъбаи равон рӯй ба девор надорем

Дар ҷайби садафи гавҳари мо чашм гушӯда аст

Мо тоқати расвоӣ бозор надорем

Шуд махзани гавҳари садаф аз обилаи даст

Мо ҷузи гиреҳи дили самар аз кор надорем

Бигзор ки дар чоҳи мазаллати басари орем

Мо ҳавсилаи ноз харидор надорем

Мо бихброни қофила рег равонем

Як зарраи зи саргаштагӣ озор надорем

Ҳар чанд ки дар гардани мо даст фиканда аст

Аз бихбриҳои хабар аз ёр надорем

Соиби нафаси шуълаи мо ташна хораст

Бо мардуми кӯтоҳи забон кор надорем