Бар дили ғами симу зар дунё нагузорем

Бори хари даҷол ба ъис нагузорем

Хизри раҳи мо грмрўони азм дуруст аст

Сар дар пай ҳар бодия паймо нагузорем

Пайдост ки аз мавҷи саробӣ чаҳ кушояд

Мо дил ба тмошогаҳ дунё нагузорем

Муҳтоҷ ба зинат набӯд ҳасани худодод

Он ба ки ҳино бар яд Байзо нагузорем

То домани атфол сбкбор нагардад

Мо рӯй зи маъмура ба саҳро нагузорем

Девонагии мо ҳама аз ранҷ хумораст

Аз ток чаро силсила барпо нагузорем ?

Моро ба маломат натавон тавба з ме дод

Гар сар баравад гардан мино нагузорем

Соиб ба рухи мо дар давлат накушояд

То рӯ ба нҳонхонаҳ анқо нагузорем