Ашкаст дарин мазраъаи тухмӣ ки фишонем

Оҳаст дарин боғи ниҳолӣ ки расонем

Гирди сафар аз ҷабҳаи мо шаста нагардад

То рахт чу сайлоб ба дарё нкшонем

Аз мо гила бесамарӣ кас нашунида аст

Ҳар чанд ки чун бед саропоӣ забонем

Дар боғи чанорӣ ба куҳансолӣ мо нест

Чун сарв агар дар назар халқ ҷавонем

Бар гавҳар сероб набошад назари мо

Мо ҳалқа бигӯаш садаф пок даҳонем

Бедории давлат ба сбкрўҳӣ мо нест

Ҳар чанд ки чун хоб бар аҳбоб гаронем

Аз мо магзар зуд каз андешаи нозук

Шерозаи ёқӯти лабон чун раг конем

Чун тир мадоред зи мо чашми иқомат

Каз қомат хам гашта дар оғӯш камонем

Мавқуф насимӣаст зи ҳам рехтани мо

Омодаи парвоз чу авроқ хазонем

Гар соф буд синаи мо ҳеҷ аҷаб нест

Умрӣаст дарин майкада аз дарди кшоним

Бо тозаи хтоними назари бози зи хубон

Сад шукр ки аз ҷумлаи болиғи нзроним

Перӣ натавон ёфт ба дили зиндагии мо

Боқомати хами сайқал ойӣна ҷонем

Аз мо хабари каъба мақсӯд мапурсед

Мо бихброни қофила рег равонем

Бошад зари гули рози фалак дар назари мо

Ҳар чанд чу наргис ба таҳ по нигаронем

Чандини рамаро баргу нўоиими зи кӯшиш

Ҳар чанд ки бебаргтар аз чӯб шубонем

Умрӣаст ки дар хирқаи парҳез чу соиб

Сари ҳалқаи риндон харобот ҷаҳонем