То дар хами ин коргаҳ шиша гаронем
Чун Тифл дар ойӣна ба ҳайрат нигаронем
Аз раҳгузари гӯш , садафи кон гуҳар шуд
Мо ҳарза дар эй ҳама чун мавҷ забонем
Дар бткдаҳи бегонатар аз қибла намоем
Дар каъбаи сабки қадартар аз санг нишонем
То таркиши афлоки пар аз тир шаҳоб аст
Мо бесару поёни ҳама норанҷ нишонем
Мо ахгар ишқем ки то домани маҳшар
Дар тӯдаи хокистар афлок ниҳонем
Бисёр сбкрўҳтар аз шабнам субҳем
Ҳар чанд ки дар чашми ту чун хоб гаронем
Гӯшии нахарошидаи садои ҷараси мо
Мо нарми равони қофила рег равонем
Чун мӯр агар имрӯз ба хокем фитода
Фардост ки дар даст сулаймон замонем
Нақши паии мо Хизри раҳ пешравон аст
Ҳар чанд ки чун гирди з дунбола равонем
Хунобаи дили оташ ёқӯт гудозаст
Магузор ба ин обила нохун бирасонем
Дар дидаи комили назарон нур яқинем
Ҳар чанд ки дар чашми хасон хор гумонем
Раҳмати зи сияҳи кории мо рӯй сифедаст
Мо сӯхтагони холи рух лола ситонем
Ин он ғазали муршид рӯмаст ки фармуд
Мо пела ишқем ки бебарг ҷаҳонем