Ба сайди шери нар эй беҷигар чаҳ кори туро ?
Шикор ӯ нашудани бас буд шикори туро
Ту то канора нагирӣ зи хеш ҳайҳот аст
Ки дар канор кашад баҳр бе канори туро
Ба ҳар ду даст ба домон бе худии овез
Агар умед раҳоӣаст зини ҳисори туро
Аҷаб ки шӯри қиёмат туро кунад бедор
Ки хӯн ба ҷӯш наёвард навбаҳори туро
зи субҳи ҳашари гиребон осмон шуд чок
Нашуд ки боз шавад чашми эътибори туро
Чаҳ май дуӣ паии ин сояҳои по ба рикоб ?
Басаст сояи он сарви пойдори туро
Машав ба сангдилиҳои хештани мағрур
Ки трктоз ҳаводис кунад ғубори туро
Қадам бурун манеҳ аз ҳади лоғарии зинҳор
Ки мекашад фалаки сифлаи зери бори туро
Ба ҳуш бош ки тамҳид бесаранҷомӣ аст
Агар мусоидатӣ кард рӯзгори туро
Чу доғи лола ба ғайр аз ситораи сӯхтагӣ
Чаҳ гули шкФти дарин мавсими баҳори туро ?
Аҷаб ки гирд ту бархезад аз замини соиб
Чунин ки хоб гарон карда сангсори туро