Агар ба бандагӣ иршод мекунем туро

Ишора Эйаст ки озод мекунем туро

Ту бо шикастагии пои қадам ба роҳи гузор

Ки мо ба ҷозиба имдод мекунем туро

Ба доманӣ ки дарин роҳ бар камари бандӣ

Ғании зи роҳила ва зод мекунем туро

Башу ба хӯни зи дили андешаи раҳоӣ ро

Кигар адами шӯй , эҷод мекунем туро

Дарин муҳӣт , чу қасри ҳубоб агар сад бор

Хароб май шӯй , обод мекунем туро

Ба теғи ғамзаи дилатро кунем агар сад чок

Ба зулф , шона шамшод мекунем туро

Туро ба ҷинат дарбаста мешавем далел

Агар ба хомшӣ иршод мекунем туро

зи шукр ва шиква мазан дами ту чун тнки зарфон

Агар ғамин ва агар шод мекунем туро

зи марги талх ба мо бадгумон машав зинҳор

Ки аз тилисми ғам озод мекунем туро

Фромшии зи фаромӯшии ту май хезад

Агар ту ёд кунӣ , ёд мекунем туро

Агар ту чашм бапушӣ зи шоҳидони муҷоз

Ғании зи ҳасан худодод мекунем туро

Агар зи кӯҳи ғами мо гарон насозӣ рӯй

зи хуррамии фараҳ обод мекунем туро

Чу моҳён машав аз ёд кард мо ғофил

Вагарнаи рӯзӣ сайёд мекунем туро

Агар ту барги алойиқи з худ биафшонӣ

Баҳори олам эҷод мекунем туро

Навозишӣаст забонро , на аз фаромӯшӣ аст

Агар гуҳӣ ба забон ёд мекунем туро

Надидаем ба ин лутфи одамӣ , чаҳ аҷаб

Агар ғалат ба призод мекунем туро

Мсози рӯи турш аз гӯшмоли мо соиб

Ки мо ба тарбият устод мекунем туро