намешавад аз дам задани хароби вуҷӯдам

Парда оҳаст чун ҳубоби вуҷӯдам

Гардиш чашмӣаст даври зиндагии ман

Мад нигоҳӣаст чун шаҳоби вуҷӯдам

Ҳеҷ набастааст дар тилисми ҳаётам

Ҷилва хушкӣаст чун сароби вуҷӯдам

Зарраи ман зиндагии з хеш надорад

Баста ба домони офтоби вуҷӯдам

Ҳосил ман нест ғайр тӯҳмат ҳастӣ

Барфаканд чун зрхи ниқоби вуҷӯдам

Ҳамчуи ҳубобам ки дар тилисми тааюн

Нест ба ҷузи пардаи ҳиҷоби вуҷӯдам

Ҷилваи ду даст дар назари нафасам ро

Бас ки ба рафтан кунад шитоби вуҷӯдам

Ҳосил ман нест ҷузи хаёли парешон

Пардаи ғифлат буд чу хоби вуҷӯдам

Нест ба ҷузи тору пуди оҳи надомат

Ҳамчуи каттони пеши моҳтоби вуҷӯдам

Мавҷи саробам каз ин бисот надорад

Ҳеҷ ба кафи ғайрипечу тоби вуҷӯдам

Ҳамчу ҳилоласт як ишораи абрӯ

Бас ки буд пой дар рикоби вуҷӯдам

Умри шукр хандаам чу гули ду се рӯзаст

Гиря талхаст чун гулоби вуҷӯдам

Хона ҷудо мекунам зи содаи длиҳо

Гарчи з дарёст чун ҳубоби вуҷӯдам

зи оташ ва хокасту боду оби сириштам

Чун шавад эмини зи инқилоби вуҷӯдам ?

Кош дар онҷои зи ман ҳисоб нагиранд

Нест дар ӣнҷо чу дар ҳисоби вуҷӯдам

Сӯхти диламро сипеҳри соиб ва нагузошт

То шунӯди буии ин кабоби вуҷӯдам