Ҳавсилаи васли он нигор надорам
Дом ба андоза шикор надорам
Баҳр ба паймона ҳубоб нагунҷад
Дар раҳ ӯ чашм интизор надорам
Нест ба пайғоми хушк низ умедам
Толеъ азон лаъл обдор надорам
Аз рух чун офтоби лолаи изорон
Ғайри ду чашми шафақ нигор надорам
Тоқат ман нест марди нози ду боло
Оинаи пеши ҷамол ёр надорам
Гарчи сари даст офтоб гирифтам
Рангӣ азон даст пурнигор надорам
Аз дил гармаст мояи дори ҷунунам
Ҳеҷ таваққуъи з навбаҳор надорам
Нахли хазон дидаам ки барги иқомат
Дар чамани хушк рӯзгор надорам
Боис ҳушёрем на зуҳд ва салоҳ аст
Бода ба андоза хумор надорам
Кофари ҳарбии зи ҷанг сайр нагардад
Сулҳи таваққуъи зи чашм ёр надорам
Сайқал ойӣнааст шҳпри тӯтӣ
Аз хати сабзаш ба дил ғубор надорам
Чеҳраи заррин чу меҳри зинати ман бас
Соиб агар рахт зарнигор надорам