Сӯхтаи ҷонами ғам васила надорам
Доғи дил лолаам фатила надорам
Ҳиммати маҷнӯни ман баланд фитода аст
Санги таваққуъи азин қабӣла надорам
Оинаи оби пушт ва рӯй надорад
Содаи дилами раҳ ба ҳеҷ ҳила надорам
Ҳиммати зотӣ васила мекунад эҷод
Чун дгарони ман агар васила надорам
Ҳеҷ гиреҳ аз гиреҳ кушода нагардад
Барги таваққуъи зи карам пела надорам
Дидаи сайр аз ҷаҳони Ҷамилаи ман бас
Соиб агар дар назар Ҷамила надорам