Ҳавсилаи васли он нигор надорам

Дом ба андоза шикор надорам

Гавҳари дарёии бекаронаи ишқам

Дар садафи осмон қарор надорам

Суҳбати ман дар мазоқ ишқ гуворост

Бодаи рӯҳонӣам хумор надорам

Шиква таровуш намекунад зи забонам

Оташ ҳал кардаам шарор надорам

Муваҷҷаҳ бедасту пои қулзуми шавқам

Дар сафари хеш ихтиёр надорам

Дасту дам сард гаштааст зи олам

Кор чу соиб ба ҳеҷ кор надорам