Чанд базми бодаи пинҳон аз ҳарифони сохтан ?

Хешро оростан , ойӣнаи пинҳони сохтан

Панҷаи хуршедро дар остин дуздӣдан аст

Ишқро дар пардаи номӯси пинҳони сохтан

Кор бар шерозаи зулфи ту мушкил ме шавад

Варна осонаст дилҳоро парешони сохтан

наметавонад мӯр , агар бахти сухан ёрӣ кунад

Пойтахти хеш аз дасти сулаймони сохтан

намечакад ҷои арақи хӯн аз ҷабини офтоб

Нест осони сангро лаъли Бадахшони сохтан

Аз ҷавонмардӣаст бо як қурс ҳамчун офтоб

Олимиро бениёз аз хон эҳсони сохтан

Чун садафи пеши тршрўён барои қатра Эй

Дасти худро коса дарюза натавон сохтан

Пеши доно аз тамоми илмҳо болотрст

Хешро бо дониши саршори нодони сохтан

ё зи сайлоби ҳаводис рӯ набояд тофтан

ё набояд хона дар саҳрои имкони сохтан

Бар сари гуфтори соибро қадаҳ ме оварад

Кор ойӣнааст тӯтиро схндони сохтан