Он харобам каз забонам ҳарф натавон сохтан

Беш азин моро мурувват нест вайрони сохтан

Аз замини исо ба чарх аз роҳ худсозӣ расед

Чанд бошӣ дар мақоми қасру айвони сохтан ?

Гавҳари моро гаронӣ дар назарҳо шуд гарон

Коши худро май тавонистеми арзони сохтан

Хашмро дар пардаҳои халқи пинҳон кардан аст

Оташ сӯзандаро бар худ гулистони сохтан

Аз май лаълии тани хокии худро чун сабу

Даст то аз туаст май бояд Бадахшони сохтан

Муҳаррами ганҷ илоҳӣ нест ҳар ношстаҳ рӯй

Аз тавонгари фақрро шартаст пинҳони сохтан

Чашм агар дорӣ ки дар чашми ҷаҳони ширини шӯй

Чун гуҳар бояд ба талху шӯри Аммони сохтан

То набошад ҳиммати равшандилӣ чун офтоб

Хешро чун субҳ натавон покдомони сохтан

Чун тавонам дод соиби кори ҷамъиро низом ?

Ман ки натавонам сари худро ба сомони сохтан