Чанд ҳарфи обу нон чун мардуми ғофил задан ?
То ба кӣ бар рахнаи девори зиндони гул задан ?
Нест ҷузи таслими лангари олами пари шӯр ро
Дасту по пучаст дар дарёӣ бесоҳил задан
Аз тани хокӣ ба мардии гирд чун маҷнӯн барор
То туоне дасти худ бар домани маҳмил задан
намешавад чун риштаи ашк аз гиреҳи мутлақи Аннан
Риштаи умеди моро уқдаи мушкил задан
Ҳосили санг аз дарахт бе самари бор дил аст
Аз тиҳӣ мағзӣаст ҳарфи сахт бо мадхал задан
Нест монеъ аз тараддуди васли дарёи сайл ро
Қатра беш аз роҳ май бояд дарин манзил задан
Баҳри муштии хӯн ки ризқ хок гардад оқибат
Даст , бешармӣ буд бар домани қотил задан
Сабзаи хобидаро саҳласт кардани поймол
Нест аз мардӣ ба қалби душманони ғофил задан
Гар ба раъное фишонд доман , озодаст сарв
Варна осонаст пушти пой бар ҳосил задан
Баҳрро соиб нагардад монеъи ҷӯшу хурӯш
Аз хасу хошоки сӯзан бар лаби соҳил задан