Бахя то кӣ бар либоси тани зи обу нон задан ?

Аз басират нест гул бар рахнаи зиндон задан

Зулм бар афтодагон шармандагӣ ме оварад

Саракашони сар пеш андозанд дар чавгон задан

Ҷони покон дар тан хокӣ намегирад қарор

Аз гунаҳкорӣаст тан дар гӯшаи зиндон задан

Гуфтугӯии пучро бепарда созад имтиҳон

Тухми чубини зуд расво гардад аз дандон задан

Наъли айёми баҳор аз ҷӯши гул дар оташ аст

Дар ҳарими ғунча бояд бар камари домон задан

Чашми пуркорӣ ки ман дидам азон ваҳшии ғизол

намезанад бар ҳам ду оламро ба як мижгон задан

Дар намегирад фусуни ишқ бо афсурдагон

Дар танури сард ҳайҳот аст битавон нон задан

Ҳар ки аз тоъат камон созад қад ҳамчун хаданг

наметавонад ҳалқа бар дар хулдро осон задан

Дарду доғи ишқ аз симоӣ ошиқ зоҳираст

Расм шоҳонаст меҳри хеш бар унвон задан

Имтиҳон бекор бошад он дил чун санг ро

Байзаи фӯлод мустағнӣаст аз дандон задан

намешавад оби равони ойӣна аз астодгӣ

наме тавон сайри ҷаҳон бо дидаи ҳайрон задан

Аз зибардастони мудоро бо заъифони хўшнмост

Нест лоиқи баҳрро сарпанҷа бо марҷон задан

Пеши он рухсори нозуки ҳарфи гул соиб магӯ

Аз мурувват нест силӣ бар маи канъон задан