Оқибати ин мурғи ваҳшии зин қафас хоҳад шудан
Бо нўоснҷони қудсӣ ҳамнафас хоҳад шудан
Партави хуршедро занҷир кардан мушкил аст
Аз ҳамон роҳӣ ки омад бозпас хоҳад шудан
Чун гули ин ҳангомаи хӯбӣ ки бар худ чида Эй
Аз хазони зеру зибр дар як нафас хоҳад шудан
Аз фиғони дардмандони байзаи фӯлоди ту
Оқибати пари рахна монанди ҷарас хоҳад шудан
Теғ бе раҳмии хати сабз аз миён хоҳад кашид
Рӯзгори дору гири зулф бас хоҳад шудан
Ин лаби ширин ки май дории дареғ аз тӯтӣон
Рӯзии мӯрону помол магас хоҳад шудан
Ин гули рӯе ки мегардад зи шабнами доғдор
Захмии теғи забони хор ва хас хоҳад шудан
Заҳр дар паймонаи лаъл ту хоҳад кард хат
Чашми бдмстти гирифтор асас хоҳад шудан
Ҳамчуи бори тарҳ , охири соиди симини ту
Бори дӯшу гардани аҳл ҳавас хоҳад шудан
Он лаб мегаван ки оби Хизр аз вай ме чакад
Ногуворо чун шароб нимрс хоҳад шудан
Дар хазони ноумедиҳо дили сангини ту
Бар муроди соиби оташ нафас хоҳад шудан