Шавқи мо болу пари ҷисм гарон хоҳад шудан

Дор бар Мансури мо тахт равон хоҳад шудан

Ишқ дорад сахте аммо гуворо ме шавад

Бесутун бар кӯҳкани ратл гарон хоҳад шудан

Ҳаст агар ҳар гиря эйро хандае дар чошнӣ

Решаи ғам дар дили мо заъфарон хоҳад шудан

Аз ҳаводорон машав ғофил ки вақти бргриз

Тавқи қамарии сарвро хат амон хоҳад шудан

Чун Зулайхо ҳар ки дар ишқи ҷавонон пер шуд

Аз варақи гирдонеи даврон ҷавон хоҳад шудан

Гар ба ин унвон шавад авзоъи дунёи ногувор

Хизри безор аз ҳаёт ҷовдон хоҳад шудан

Риштаи сар дар гуми моро нахоҳад ёфтан

Сӯзани исо агар бар осмон хоҳад шудан

Зини шикасту баст каз гардуни маро дар толеъ аст

Устихонами мағзу мағзам устихон хоҳад шудан

Соиби он ойӣна рӯ хоҳад ба фикр мо фитод

Тӯтии хомӯши мо шкрФшон хоҳад шудан