Чун тавон қонеъ ба пайғом аз лаби дилбар шудан ?
Бо даҳон хушк натавон аз лаби кавсар шудан
Ҳосили наздикӣ симин барон дил хӯрдан аст
Ришта аз гавҳар надорад баҳраи ҷузи лоғар шудан
Гӯша гирӣ мекунад ноқиси айёронро тамом
Бесадаф сӯрат набандад қатраро гавҳар шудан
Пайравон аз пешрав доранд пеши рӯи сипар
Сина май бояд ба теғи афшурд дар раҳбар шудан
Пои тоўс аз сари тоўси раъноеи набард
Нихват оташ нагардад кам ба хокистар шудан
Нақди худро бар умеди насяи ботил кардан аст
Паши дунон бо рухи заррин барои зар шудан
То кӣ аз иқболи дунёии хасис афрӯхтан ?
Чанд чун оташи заҳри хории забоновар шудан ?
Гӯшаи гир аз мардумони соиб ки ҷузи даргоҳи ҳақ
Бо қад хам нест лоиқи ҳалқа ҳар дар шудан