Чанд саргардони дарин дарёӣ белангар шудан ?
Чун ҳубоб аз пардае дар пардаи дигар шудан
Ломаконии шӯ , зи дору гири чархи осӯдаи шӯ
То ба кӣ чун авди хоҳии харҷи ин миҷмар шудан ?
Аз басират нест дар домони абр овихтан
Қатраро то ҳаст мумкин дар садафи гавҳар шудан
Гар нарезӣ обрӯии хеши пеш ҳар хасис
Дар ҳамин ҷо ме тавон сероб аз кавсар шудан
Пайрав аз захми забони эътироз осӯда аст
Шамъ дар ҳар гом сар мебозад аз раҳбар шудан
Аз кашокаш нест фориғи нахл то дорад самар
Эминаст аз санги Тифлони бед аз бе бар шудан
Нест муфлисро зи қурби ағниёи ҷузи печу тоб
Ришта аз гавҳар надорад баҳраи ҷузи лоғар шудан
Абри оламгири ғуфрон гар нагардад пардаи пӯш
Сахт расвоӣаст дар ҳангомаи маҳшар шудан
Худнамое монеъаст аз чашмаи ҳайвони туро
Чанд чун ойӣнаи сади роҳи Искандар шудан ?
Зиндагонӣ бар муроди аҳли олам мушкил аст
Дардисар бисёр дорад соҳиби афсар шудан
Нест соиби сайди фирқаро дуои ҷавшанӣ
Дар камӣнгоҳи ҳаводис , беҳтар аз лоғар шудан