Дар саранҷоми иморати умри худ ботил макун
Дар замини орият чун ғофилон манзил макун
То дили вайронаеро ме тавон таъмир кард
Нақди авқоти гиромии сарфи об ва гул макун
Ҷузи замин гирӣ надорад пилаи ишқи муҷоз
Ошён чун қамарён бар сару по дар гул макун
Чашм агар дорӣ ки по дар домани манзили кашӣ
Ҳамраҳе дар қатъи раҳ бо мардум коҳил макун
Нақди ҷонро оқибати таслим чун хоҳӣ намӯд
Аз тапидан беш азин хӯн дар дил қотил макун
Нақли зоди охират бо даст танҳо мушкил аст
Бухл дар баргу навои зинҳор бо соил макун
Бе нигаҳбони нафас саркаш мешавад мутлақи Аннан
Аз камӣни хештани сайёдро ғофил макун
Сарфи ботили сохтӣ сари ҷӯши айёми ҳаёт
Бории ин таҳи ҷуръаи авқотро ботил макун
Шамъ аз оташи забонии сар ба ҷои пои ниҳод
Аз сабки мағзии забони бозӣ ба як маҳфил макун
Як ҷиҳати шӯ дар тариқи ишқ чун мардони мард
Беш азин авқоти соиби сарф лотоил макун