Дили ғамин зи андешаи рӯзии дарин олам макун
Баҳри гандуми пушт бар фирдавс чун одам макун
Резиши худро зи чашми мардумони пӯшидаи дор
Дар саховати хешро афсона чун ҳотам макун
Гар намехоҳӣ шавад равшан ба мардуми ҳоли ту
Рози худро ахгари пероҳан муҳаррам макун
Олам болост ҷои ин ниҳоли борвар
Решаи худ дар замини орият муҳкам макун
Нася кардани неъмати омодаро аз ақл нест
Илтифот аз косаи зону ба ҷом ҷам макун
Олами равшан ба чашмат зуд месозад сиёҳ
Пушти худ хам дар талоши ном чун хотам макун
Рӯи мёўр дар тавофи каъба бо олӯдагӣ
Гирди исёнро ғубори хотир замзам макун
Лаб бабанд аз ҳарфи неку бади дарин ибрати саро
Хотири осӯдаи худ шоҳроҳ ғам макун
Чашм агар дорӣ ки бо хуршеди ҳамзонуи шӯй
Гар зи гул бистар кунандат , хоб чун шабнам макун
Пеш ҳар ношстаҳи рӯеи обрӯии худ марез
Дар замини шӯр , абри хешро бенам макун
Хӯни моро нест ҷузи ашки пушаймонии самар
Ҷавҳари шамшери худро ҳалқа мотам макун
Ҳар чаҳ соиб медиҳад қисмат , ба он хурсанд бош
Хотири худро ғамин аз фикр беш ва кам макун