Рӯи ниҳон дар давлат аз иқбол муҳтоҷон макун
Ин дар вокрдаҳро дар баста аз дарбон макун
Ҳаст дар айни адолати оби ҷони бахши ҳаёт
Чун Сикандари ҷустуҷӯии чашма ҳайвон макун
наме тавон аз ҷўъ то ҷисми гаронро рӯҳ кард
Рӯҳро ҷисми гарон аз сирӣ эй нодон макун
Аз сипар андохтан то мешавад мағлуби хасм
Аз ниёами қаҳри теғи хешро урён макун
Субҳро рухсори хандон аз шафақ дар хӯн кашид
Мади умри хеши кӯтоҳ аз лаб хандон макун
Май гдозндт ба чашми шӯр чун моҳи тамом
Ҳамчуи моҳи нави қабули партав эҳсон макун
То нагардӣ хор дар чашми азизони ҷаҳон
Юсуф беҷурмро зинҳор дар зиндон макун
Ихтиёри сар чу дар дасти ту эй саргашта нест
Зиндагиро сарф дар фикри сар ва сомон макун
Ҷуз хамӯшӣ дард бедармон надорад чора Эй
Шиква чун бетоқатон аз дард бедармон макун
Аз назари бозии дил маъмур мегардад хароб
Хонаеро аз барои равзанӣ вайрон макун
Дар назари вокрднӣ тай мешавад умри ҳубоб
Такя эй бемағз бар умри сабк ҷавлон макун
Дил ба дарё кардаро ҳар мавҷи соиб соҳил аст
Даст чун шастии зи ҷони андеша аз тӯфон макун