Даст кӯтаҳ кард зулфи ёр аз тасхири ман
Рехт аз зӯри ҷунуни шерозаи занҷири ман
Бо харобиҳои зоҳири дилнишин афтода ам
Сайл натавон гузашт аз хоки домангири ман
Сахтӣ раҳ мешавад санги Фсони азми маро
Барнаме гардад , агар бар санг ояд тири ман
Хокён аз ҷавҳари пӯшида ман ғофиланд
Зер гардунаст дар зери сипари шамшери ман
Офтоб бе заволи ишқ бар ман тофта аст
Мӯии оташ дида гардад хома аз тасвири ман
Ғӯта дар сарчашмаи об ҳётш ме диҳанд
Ҳар ки май резади арақ чун Хизр дар таъмири ман
Гар ба зоҳири дида ман шуд сифед аз интизор
Муттасил бо қаср ширинаст ҷӯии шери ман
ӣнқадари ваҳшат наме барадам ба худ ҳаргизи гумон
Дар каманди зулф ӯ нагузошт чини нахҷӣри ман
Чун арақи чашмам ба рӯй глъзорони во шуда аст
Офтоб ва ма намеояд ба чашми сайри ман
Чун тавонад сабзаи зери санги қомат рост кард ?
намекунад кӯтаҳи забони узрро тақсири ман
Сарву сӯсанро дили озодаи ман доғ дошт
Ҳалқаи мардонаи чашм ту шуд занҷири ман
Гуфтам аз перӣ шавад банди алойиқи суст тар
Қомати хами ҳалқае афзуд бар занҷири ман
Як дили ғамгини ҷаҳониро мукаддар ме кунад
Боғро дар баста дорад ғунчаи дилгири ман
Гар чунин соиби ҷунуни ман тараққӣ ме кунад
Ҳалқаҳо дар гӯш маҷнӯн мекашад занҷири ман