Беасар то чанд бошад нолаи шабгири ман ?

То кӣ аз гӯши гарон бар санг ояд тири ман ?

Бо сарафрозии талош хоксорӣ ме кунам

Чун гуҳари гирд ятемӣ мекунад таъмири ман

Оҳ бе таъсири ман дар зер лаб бошад мудом

Аз каҷӣ берун намеояд зи таркиши тири ман

намешавад афзӯни зи асбоби тасаллии ваҳшатам

Теғ заҳролӯд донад сабзаро нахҷӣри ман

Осмон бар ҷавҳари ман парда натавонад кашид

Заҳр қотил мекунад зангорро шамшери ман

Аз сияҳи корӣ ба ком ман намегардад забон

Аз гаронӣ ланг дорад узрро тақсири ман

Рӯзӣ ман мерасад аз хомаи ҳарфи офарин

Аз сар ангушт бошад чун ятемони шери ман

Не ба нохун мекунад алмоси заррини чанг ро

Бас ки печидааст бар худ ғунчаи дилгири ман

Шоҳид хомӣаст дасти по задан дар банди ишқ

Барнамеи хезади садо чун ҷавҳар аз занҷири ман

Ончунон расво шудам соиб ки моҳу офтоб

Аз замини гирон буд бо ишқи оламгири ман