Аз ҷафои чарх нолидан намеояд зи ман

Гӯши хасми сифла тобидан намеояд зи ман

Дасти байъат бо таваккул додаам рӯзи азал

Аз барои ризқ кўшидн намеояд зи ман

Шамъам аммо хонаи ҳамсоя аз ман равшан аст

Бар фурӯғи хеш часбӣдан намеояд зи ман

Барнамеи хезади садо аз даст чун танҳо буд

Пеш бедардон хурӯшидан намеояд зи ман

Хона сайёд медонам либоси фақр ро

Хирқаи тазвир пӯшидан намеояд зи ман

Бемиёнҷӣ меҳрбон мехоҳам он дилдор ро

Гул ба дасти дигарон чидан намеояд зи ман

Гарчи дорам сад забони оташин чун офтоб

Аз гуноҳи хеш пурсидан намеояд зи ман

Осмони гӯ тўтё кун устихонҳои маро

Рӯ ба хоки аҷз молидан намеояд зи ман

Гарчи дорам панҷаи шери жён дар остин

Синаи мӯрӣ харошидан намеояд зи ман

Решаи ғам , заъфарон гардад агар дар сина ам

Чун гули тасвир , хандидан намеояд зи ман

Дар канори гул чу шабнами ҷои худ во ме кунам

Сина бар хошок молидан намеояд зи ман

Доғро аз нанг марҳам кардаам соиби халос

Гул ба рӯй меҳр молидан намеояд зи ман