Булбулам аммо расад бар лолау гули нози ман

Даст гулчин меравад аз кор аз овози ман

Риштаи завқи гирифторӣ ба болам баста анд

Нагзарад аз гӯшаи боми қафаси парвози ман

Ҷавҳарамро то ба санг имтиҳон зад кӯҳкан

Тешаи фӯлоди худро кард пой андоз ман

Саҳл бошад аз фиғонамгар қафас миҷмар шавад

Байза чун фонӯс буд аз шуълаи овози ман

Ҳамчуи шохи пари самар вақтаст пушташи бишиканад

Аз ҳуҷуми андалебони гӯшаҳои сози ман

То ба дороломни сулҳи кули расидам , Кебеки маст

Хоб роҳат мезанад дар чнгли шаҳбози ман

Субҳам , аммо чун шабам дар пардаи пӯшиҳо мисл

Машриқи лабро надонад офтоби рози ман

Сари фурӯи норад ба шохи пасти тӯбои фитратам

намезанад пар дар фазои ломакон , андоз ман