Аз ҳаводорон шавад доими мукаддари шамъи ман

Аз пар парвона дорад теғ бар сари шамъи ман

Партав миннат кунад дилҳои равшанро сиёҳ

намешавад дасти ҳимояти остин бар шамъи ман

Аз мурувват мекунад равшани чароғи хасм ро

Гар ба зоҳир мешавад хомаши зи сарсари шамъи ман

Гарданӣ дар зери теғ аз мум дорад нарм тар

Дар назар дорад ҳамоно базми дигари шамъи ман

Зиндагӣ натавон ба кӯшиш ёфт , варна умрҳо

Ғӯта зад дар баҳри зулмат чун Сикандари шамъи ман

Бошад аз ҷӯши ҳаводорон май равшани маро

Дорад аз болу пари парвонаи соғари шамъи ман

Дар шабистонӣ ки дорад сад самандар ҳар шарор

Шуд з бепарвонагиҳо тир бе пари шамъи ман

Гавҳари худро зи чашм захм медорад нигоҳ

Гар насозад домани фонӯсротар шамъи ман

Аз забони оташинами олами дил зинда шуд

Сад чароғи куштаро шуд афсари зари шамъи ман

Дида гавҳаршиносӣ нест , варна базм ро

Тоза рӯ дорад зи ашки поки гавҳари шамъи ман

Сарди Меҳрии соиб аз ҷои дрнмии оради маро

Дар гузори бод май сӯзад ба лангари шамъи ман