Чанд овози ту аз берун рибоед ҳуши ман ?

Раҳи наёбади дрдрўн чун ҳалқа дар гӯши ман

Дар миёни сарв , қамарии дасти худро ҳалқа кард

Чанд бошад ҳалқаи берун дар оғӯши ман ?

Чун шароб куҳнаам осӯда дар мино , вале

Май намояди хешро дар косаи сар , ҷӯши ман

Кӯҳро аз бурдборӣ гарчи бар сар май нуҳум

Сояи даст навозиш барнатобад дӯши ман

Душманонро мешавад аз ҳайбати ман дили ду ним

Ҷавҳари теғи ду дам дорад лаби хомӯши ман

Беш мегардад ҷунуни ман зи санги кӯдакон

Нестам баҳрӣ ки аз лангар нишинад ҷӯши ман

Чун шикархандӣ диҳад рӯ , мешавам соиби ғамин

Неш чун занбӯр дар дунбол дорад нӯши ман