Дил чу гардад софи он ма беҳиҷоб ояд бурун
Субҳ чун гардид равшан , офтоб ояд бурун
Май ҷаҳди оташ чу шамъ аз дидаи гирёни ман
Ҳеҷ кас нашунидааст оташи з об ояд бурун
Бе даҳани шӯ то ғам рӯзӣ набояд хӯрданат
Кӯзаи лаби баста аз хами пар шароб ояд бурун
Гиряи чандини уқдаи мушкил ба кор дил фузуд
Аз нузули қатра аз дарё ҳубоб ояд бурун
Мавҷ беором бошад баҳр то дар шӯриш аст
Набзи ошиқ чун ба марг аз изтироб ояд бурун ?
Маҳв гардад дар фурӯғи ишқ , ақли хираи сар
Дузд дар кунҷӣ хазад чун моҳтоб ояд бурун
То насӯзӣ чархро соиби зи оҳи оташин
Офтоби дил маҳоласт аз ҳиҷоб ояд бурун