Ҳарфи пучӣ каз даҳони аҳл лоф ояд бурун
Теғ чу бинӣаст каз ҷаҳл аз ғилоф ояд бурун
Ҷони қудсии рӯзи хуш дар пайкар хокӣ надид
Ин сазои он парӣ каз кӯҳ қоф ояд бурун
Айши софӣ дар бисоти гардиш афлок нест
Чун май аз миноӣ бар ҳам хӯрда соф ояд бурун ?
Чун ҳунар комил шавад худ мешавад ғаммози худ
Хӯн чу гардад машк , оҳӯро з ноф ояд бурун
Он нигоҳ шармгин нагузошт ҷон дар ҳеҷ кас
Оҳ азон рӯзӣ ки ин теғ аз ғилоф ояд бурун
Дар ғарибӣ мешавад рангини сухан беш аз ватан
Сурх рӯ гардад чу шамшер аз ғилоф ояд бурун
Бе таваққуфи восили дарёӣ раҳмат ме шавад
Аз тани хокии равон ҳар ки соф ояд бурун