Ғами зи меҳнати хонаи ман шод меояд бурун
Сайл аз вайронаам обод меояд бурун
Домани давлат ба осонӣ намеояд ба даст
Ин ҳумо аз байза фӯлод меояд бурун
Аз ғами ушшоқи ҳасани лоуболӣ фориғ аст
Бо ҳазорон тавқ , сарв озод меояд бурун
То кушояди уқдае аз зулфи он мишкӣни ғизол
Хӯни зи чашми шона шамшод меояд бурун
Дар дили сангини ширини ҷои худ во ме кунад
Ҳар шарар каз теша Фарҳод меояд бурун
Аз хашини пӯшони фиреби нарм гуфторӣ махӯр
Кин сафир аз хона сайёд меояд бурун
Хандаи дилҳои беғам мекунад дилро сиёҳ
Ошиқ аз сайри чаман ношод меояд бурун
Ҳар ки зону таҳ кунад чун зулф дар девони ҳасан
Дар фунуни дилбарӣ устод меояд бурун
Аз дару девори меҳнати хонаи ман чун ҷарас
Соиб аз шӯри ҷунун фарёд меояд бурун