Душман аз ғмхонаҳи ман шод меояд бурун
Сайли равшани зини хароб обод меояд бурун
Даври гардонро ба оташ раҳнамое ме кунад
Аз сапанди ман агар фарёд меояд бурун
То ғубори хат азон рухсор мегардад баланд
Ошиқонро гирд аз бунёд меояд бурун
Шҳпри давлати фалак парвоз мегардад зи теғ
Ин ҳумо аз байза фӯлод меояд бурун
Ҳосили сӯрати парастии ғӯта дар хӯн хӯрдан аст
Ин садо аз теша Фарҳод меояд бурун
Рутба озодагӣ натавон ба кӯшиш ёфтан
Сарву сӯсан аз замин озод меояд бурун
Аз фақири афзӯни тавонгари оҳ ҳасрат ме кашад
Дӯд беш аз хона обод меояд бурун
Нолаи мазлӯми истиқбол золим ме кунад
Аз камони пеш аз нишон фарёд меояд бурун
Сурхи рӯе бетъб соиб намеояд ба даст
Ин садо аз силӣ устод меояд бурун