Оҳ кӣ аз ҷон дардолӯд меояд бурун
Каз хас ва хошок ҳастӣ дӯд меояд бурун
Сӯхти хӯнам дар рагу паии бас ки аз савдо чу шамъ
Гар занӣ нашутур ба дастам , дӯд меояд бурун
Чун халили онро ки ҳифзи ҳақ ҳаводорӣ кунад
Тоза ватар зи оташ намруд меояд бурун
Нест бе оҳи надомати синаи трдомнон
Бештар аз ҳизумтар дӯд меояд бурун
Шамъи рухсори ту аз баси пардаи сӯз афтода аст
Партаваш аз равзан масдӯд меояд бурун
Нест танҳо машриқи оҳи надомати лаби маро
Каз саропоем чу миҷмар дӯд меояд бурун
Парда хобаст аз рафтори монеъи пой ро
Чун нигаҳ зон чашм хоб олуд меояд бурун ?
Домани дашти ҷунунро гирдбодӣ ме шавад
Оҳам аз дили бас ки гирдолӯд меояд бурун
Серума кун шабҳои ҳиҷронро каз ин абри сиёҳ
Оқибати он ахтар масъӯд меояд бурун
Аз ҳазорон бандаи мқбл , яке ҳамчун Аёз
Неки бахту оқибат Маҳмӯд меояд бурун
Машриқи он моҳ тобонаст дилҳои ду ним
Зини садафи он гавҳар мақсӯд меояд бурун
Соиб аз резиш парешоне намебинад Карим
Зар чу гул аз дасти аҳл ҷӯад меояд бурун