Май аз худ оварад беруни аёғи лолаи рухсорон

Азон пайваста тар бошад димоғи лолаи рухсорон

Далел гмрҳонаст оташ сӯзанда дар шабҳо

Чароғӣ нест ҳоҷат дар суроғи лолаи рухсорон

зи оҳи сард рӯй оташинро нест парвое

Ба рӯй субҳ механдад чароғи лолаи рухсорон

Назарбозӣ кунад ҳангомаи гарми оташи изорон ро

Ки тар гардад ба як шабнами димоғи лолаи рухсорон

зи худдорӣ наме созанди коми хоксорон тар

Агар чаҳ сарнигӯн бошад аёғи лолаи рухсорон

Нигаҳро давр бош шарм дар берун дар сӯзад

Надорад ҳеҷ каси рангии зи боғи лолаи рухсорон

намебошад тиҳии пои чароғ аз тирагии соиб

Сиёҳӣ кам намегардад зи доғи лолаи рухсорон