Набошад луқмае бе хӯни дил бар хон даравишон
Нагардад хушки ҳаргиз аз қаноати нони даравишон
Наризанд обрӯии хеши баҳри умри ҷовидон
Ки бошад обрӯи сарчашмаи ҳайвони даравишон
Аз эшон ҷӯии ҳимматгар ҳавои салтанати дорӣ
Ки тоҷ ва тахт бошад камтарини эҳсони даравишон
Агар чаҳ дасташони кӯтоҳтар аз остин бошад
Буд гӯии фалакҳо дар хами чавгони даравишон
зи кӯҳи қоф агар бошад шикваи салтанати афзӯн
Пар коҳӣ надорад вазн дар мизони даравишон
Саг аз ҳамроҳии асҳоби Каҳф аз шер мардон шуд
Макун дасти иродати кӯтаҳ аз домони даравишон
Набошад заррае навмед аз эҳсонашони соиб
Азон гармаст чун хуршеди доими нони даравишон