Аннани маслиҳат дар ишқ май бояд раҳо кардан
Надорад ҳосилӣ дар баҳр бе соҳили шино кардан
Надорад ҳалқае ҷузи наъли воруни маҳмили Лайлӣ
Набояд гӯш эй маҷнӯн ба овоз даро кардан
Камон кун қомат чун тирро дар қабзаи тоъат
Каз ин сайқали тавон ойӣнаи дилро ҷило кардан
Ба ҳам пайваста гардад чун шарари оғозу анҷомат
Туоне хурдаи ҷонро ба рағбатгар фидо кардан
Камони шиква чун ҳаллоҷ чанд аз дори зиҳсозӣ ?
Ба ҳарф ҳақ намебоист худро ошно кардан
зи шукр хоб гардад танги шукри ҷомаи хобат
Туоне бистари худро агар аз бӯрё кардан
зи дастат беталаб додан ба соил чун наме ояд
Набояд рӯй худро талх аз иброми гадо кардан
Машав ғофили зи поси вақт агар аз даври бенаӣ
Ки чун шуд фӯт , натавон ин ибодатро қазо кардан
Насиҳат бишинав эй зоҳид , фурӯди о аз сари минбар
Барои рӯй мардум пушт натавон бар худо кардан
Ба минбари баҳри тасхири хилоиқи ҳарфи ҳақи гуфтан
Буд рафтан ба боми каъба дар касби ҳаво кардан
Марв аз раҳи буруни соиб ба ҳарфи пучи шайёдон
Ки бемағзӣаст аз ҳар чӯб бе мағзии Асо кардан