Сиришки талхро машк буд соҳиби асар кардан

Вагарна саҳл бошад оби ширинро гуҳар кардан

Пари тири ту май резад ба хок эй шамъ бе парво

Надорад сарфае парвонаро беболу пар кардан

Чунон худро дарин дарёии пари шӯр сабк кардам

Ки чун каф ме тавонам киштӣ аз мавҷи хатар кардан

Ситам бар зер дастон нест аз мардонагӣ , варна

Ба оҳӣ ме тавонам чархро зеру зибр кардан

Маро бар дил ғуборӣ нест аз хоки фаромӯшон

Ки бемонеъ дар онҷо ме тавон хокӣ ба сар кардан

зи ҷамъият буд душвор дил бардоштан , варна

Чу тири осон буд аз хонаи хокии сафар кардан

Шавад ҳамдаст бо Фарҳод чун ишқи қавии бозу

Тавонад дасти ҷуръати бесутунро дар камар кардан

Шарари харҷ ҳаво гардид то шуд ҷилваи гоҳи соб

Ба боли сангу оҳан то куҷо битавон сафар кардан ?