Фақиронро ба чӯби манъ аз даргоҳи худ рондан

Ба шамъи давлат бедор бошад доман афшодан

Магардон рӯй гарм аз дӯстон то давлатии дорӣ

Ки аз як шамъи равшан ме тавон сад шамъи гирондн

Ба хомӯшии зи захми хасми бад гавҳар машав эмин

Ки оби теғ тӯфон мекунад дар вақт хобондан

Диҳад ҳар кас ба резиши дасти худ дар зиндагии одат

Ба нақди ҷон ба осонӣ тавонад даст афшодан

Бпушон дида аз худ , дар ҳарими васли муҳаррами шӯ

Ки бо дарё яке гардад ҳубоб аз чашм пӯшондан

зи дили зангор ғифлат мезадойад суҳбати покон

Ки дар гавҳар нагардад сабз , ранги об аз мондан

Дил бетоб дорад давр бош хонаи зод аз худ

Мурувват нест моро чун сапанд аз базми худ рондан

Латиф афтодааст аз бас ки он симини бадани соиб

Хати норустаро зон сафҳаи рӯмии тавон хондан