Ҷудои шӯ аз ду олам то туоне бо худо бӯдан
Ки дорад дардисар бисёр , бо халқи ошно бӯдан
Бикаш дар зиндагии мардонаи ҷоми нестӣ бар сар
Ки бошад дар бало бӯдан , ба аз бими бало бӯдан
Дами теғи қазо аз чини абрӯ барнаме гардад
Надорад ҳосилии дилгир аз ҳукми қазо бӯдан
Самарҳои гиромӣ дар биҳишт ҷовдон дорад
Дарин бстонсрои як чанд бебаргу наво бӯдан
Ба сим қалб бошад моҳи канъонро харидорӣ
Ба умеди Ганаии ҷовдон чанде гадо бӯдан
зи тӯфони ҳаводиси лангари тамкини мада аз каф
Ки дарё мекунад дилро ба талхиҳо ризо бӯдан
Мёўри рӯ ба мардум то нагардонанд рӯ аз ту
Ки бошад бар хилоиқи пушт кардани муқтадо бӯдан
Чу пул аз бурдборӣ бигузарон тақсири халқ аз худ
Набояд тунд чун сайлоб бо қади ду то бӯдан
Таманноро зи дил , чун саги зи масҷид , давр май созӣ
Агар доне чаҳ матлабҳост дар бемуддао бӯдан
Савод фақр мебахшад ҳаёти ҷовдони соиб
Дарин зулмат набояд ғофил аз оби бақо бӯдан