Муяссар нест бо ҳуши вхрд бедардисар бӯдан
Гуворо мекунад вазъи ҷаҳонро бехабар бӯдан
Набошад бар дилам чун сарв аз бе ҳосилии борӣ
Ки дорад ҳосилӣ чун тозаи рӯе бесамар бӯдан
Қаноат бо дар дил кун азин дарҳои бе ҳосил
Ки бошад зард рӯй офтоб аз дар ба дар бӯдан
зи файзи ҷом дар давраст зикри хайри ҷами доим
Набояд дар ҷаҳони офариниш беасар бӯдан
Шуд аз таслим бар ман тангнои чархи гулзорӣ
Ки гардад байзаи маҳди роҳат аз беболу пар бӯдан
Ба ҷомӣ дастгирӣ кун ман афтодаро соқӣ
Ки дастам чун сабу гардид хушк аз зери сар бӯдан
зи санги кӯдакон бар дил ғуборӣ нест маҷнӯн ро
Ки хандонаст Кебеки маст аз кӯҳу камар бӯдан
Бар оташ май занам чун шамъи баҳри чашмтар худ ро
Ки дар дил май хулд чун хор бемижгонтар бӯдан
Ба миқдори гаронии ғӯта дар гул мезанад лангар
Ки гардад қатраи давр аз қурби дарё аз гуҳар бӯдан
Ҷгрдоронаҳ сар кун роҳи саҳрои талаби соиб
Ки ком шер гардад нақши по аз беҷигар бӯдан