Ба ҳам пайваста аз бас дар ҳарими синаи доғи ман

Тамошое надорад ранг аз гулгашти боғи ман

Чунон аз офтоб ишқ меҷӯшад димоғи ман

Ки паҳлу мезанад бо чашмаи хуршеди доғи ман

Маро бардааст ваҳшат аз ҷаҳони обу гули берун

Арақи резади фалаки беҳудаи зи анҷуман дар суроғи ман

зи миннат бар дили равшан буд мурдани гуворотар

Шавад дасти ҳимояти боди сарсар бар чароғи ман

Марои зангор аз дил чун задойад бодаи лаълӣ ?

Ки май чун лолаи хӯн мурда гардад дар аёғи ман

зи фикри офият осӯдаам бо дарду доғ ӯ

зи ҷӯш гул надорад сабзаи бегонаи боғи ман

Агар чаҳ хоки ман гулранг шуд аз бодаи паймое

Ҳамон хамёза чун гул мезанад мавҷ аз аёғи ман

Машав аз шабнами хўнгрми ман эй шохи гули ғофил

Ки май сӯзади нафаси хуршеди тобон дар суроғи ман

Надорад дудмони ишқ чун ман маҷлиси афрӯзӣ

Сияҳ мастӣ кунад парвона аз дӯди чароғи ман

Ба ширини кории санъати зи ширин бардаам дил ро

Чаро мироби ҷӯй шер набӯд снгдоғи ман ?

Азон дорад чу доғи лола , доғи ман раги хомӣ

Ки беш аз доғ , шӯри ишқ май сӯзади димоғи ман

зи таъсири дуоӣ ҷавшан менашканад соиб

Ба санги хора чун ёқӯт агар ғалатади аёғи ман