Ба хок ва хӯн накушуд хасмии замонаи маро

Ки тир каҷ гузарад рост аз нишонаи маро

Дарин риёзи ман он булбули замини гирам

Ки нест ҷузи гиреҳи боли хеши донаи маро

Куҷост ҳалқаи домӣу гӯшаи қафасӣ ?

Ки мор шуд хасу хошоки ошиёнаи маро

Балост хоби парешони дароз чун гардад

Чаҳ дилхушӣ буд аз умри ҷовдонаи маро ?

Чу офтоб маро нест симу зар дар кор

Ки ҳаст чеҳраи заррини худ , хазонаи маро

Ба ғайри гирд ятемӣ намонда чун гавҳар

Умеди соҳили азин баҳри бекаронаи маро

Аҷаб ки роҳ ба сари вақти ман баради дармон

Чунин ки дард гирифтааст дар миёнаи маро

Чигуна пой ба домани кашами дарин водӣ

Ки мавҷи рег равонаст тозӣонаи маро

Ба хок шӯра кунад тухми покро ботил

Ситамгарӣ ки бурун оварад зи хонаи маро

Ба абри раҳмати ин баҳр , чашми бади мрсод !

Ки чун садафи з гуҳар кард обу донаи маро

Чунон фусурдаи зи вазъ ҷаҳон шудам соиб

Ки нест лиззат аз ашъори ошиқонаи маро